ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, дар кори сафорати ин кишвар дар ИМА аз ҷониби мақомоти Вашингтон монеа эҷод мешавад.
"Дар воқеъ, сафоратхона аз ҷониби ниҳодҳои давлатии ИМА муҳосира шудааст, суратҳисоби ду консулгарии генералии мо дар Ҳюстон ва Ню-Йорк аз ҷониби "Bank of America" баста шудааст. Мо ҳам тавассути телефон таҳдидҳо мегирем ва ҳам мактубҳо меоянд... Як вақт ҳатто баромад аз сафорат баста шуд”, - гуфт ӯ дар телевизиони “Россия 1”.
Қаблан сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов дар мусоҳиба бо "Politico" гуфта буд, ки Русия ва ИМА дигар шарик нестанд.
Ба гуфтаи вай, худи мақомоти Амрико бояд тасмим бигиранд, ки Русия барои онҳо кистанд – шарик, рақиб, мухолиф ё душман.
"Ҳанӯз мутмаинам, ки мо бояд шарик бошем. Пештар мегуфтам, ки шарик ҳастем. Ҳоло шарик нестем. Афсӯс", - зикр намуда буд Антонов.
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина Ғарб фишори таҳримотӣ алайҳи Маскавро афзоиш дод. Тадбирҳои маҳдудкунанда пеш аз ҳама ба бахши бонкӣ ва пешниҳоди маҳсулоти олӣ нигаронида шудаанд.
Бисёре аз кишварҳо аз боздоштани дороиҳои Русия хабар доданд ва даъватҳо барои коҳиши вобастагӣ аз манобеи энержии Русия дар Аврупо бештар шуд.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кардаанд. Шуморе аз ширкатҳо аз хуруҷи худ аз бозори Русия ва бастани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ бо Русия сарпечӣ мекунанд, ин корро зери фишори шадид анҷом доданд, аммо Русия ҳама мушкилотро ҳал хоҳад кард.