Трамп гуфт, ки ИМА дар хатар аст

Раисҷумҳури собиқи Амрико гуфт, ба далели иштибоҳоте, ки ҳукумати кунунии ИМА мекунад, ҷаҳон ва кишвараш дар як лаҳзаи хатарноки таърих қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Президенти собиқи ИМА Доналд Трамп гуфт, ки роҳбарияти кунунии Амрикоро дар ҷаҳон эҳтиром намекунанд ва аз он тарс надоранд, гуфт сиёсатмадор зимни суханронӣ дар чорабинии "Heritage Foundation" (Бунёди Мерос) дар Флорида.
Ба гуфтаи вай, ин боиси хатарноктарин лаҳза дар таърихи ҷаҳон ва бахусус Иёлоти Муттаҳида шуд.
"Ҳамин ҳоло, ба назари ман, хатарноктарин давраи таърихи кишвари мост. Ҳеҷ гоҳ ҷаҳони мо дар ин гуна хатар қарор нагирифта буд", - гуфт Трамп.
Вай тавзеҳ дод, ки ҷаҳон аз қудрати бузурги силоҳи муосир, ки қаблан дар дунё вуҷуд надошт, дар хатар аст.
Раиси пешини Кохи сафед гуфт: "Мо онро дорем, дигарон ҳам доранд. Аммо қаблан чизе монанди он набуд."
Вай ҳамчунин бар ин назар аст, ки "кӯчактарин имкон" вуҷуд надошт, ки дар замони раҳбарии ӯ Русия ба амалиёти вижа дар Украина даст занад.
Трамп гуфт, Амрикоро "даҳшати иқтисодӣ" интизор аст ва Байденро гунаҳкор кард
"Чин дигар моро эҳтиром намекунад, Эрон дигар аз мо наметарсад. Ва бо ҳамлаи даҳшатноки худ ба Украина Русия танҳо нишон дод, ки то чӣ андоза раҳбарони моро заъиф мешуморанд", - гуфт Трамп.
Ғайр аз ин вай дар нутқи худ амалҳои Ҳукумати ИМА-ро ба муосиргардонии қувваҳои ядроии Амрико рабт дода, илова намуд, ки ӯ ҳеҷ гоҳ аз онҳо истифода бурдан намехоҳад.
Ёдовар мешавем, қаблан Трамп низ изҳор карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар остонаи даҳшати иқтисодӣ қарор дорад.
Трамп мегӯяд, Байден орзуи амрикоиро кушт
Ин аз он сабаб аст, ки даромади воқеии аҳолӣ коҳиш меёбад, кишвар дар остонаи даҳшати иқтисодӣ, ки бо номи стагфлятсия маъруф аст, ба ларза омадааст.
Илова бар ин, соҳиби собиқи Кохи сафед вазъи кунунии иқтисоди Амрикоро "фалокати таварруми Байден" номид.