Тоҷикистон нақша дорад, пули барқи нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"- ро бо рубл пардохт кунад

Тоҷикистон нақша дорад, додугирифтҳои тиҷориро бо Русия, ки аз шарикони асосияш аст, бо пулҳои миллӣ роҳандозӣ намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷои доллар аз бандҳои он мебошад.
Бар асоси ин нақша, дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқе, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо рубл сурат бигирад.
Нозирҷон Ёдгори, сухангӯӣ ширкати "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир харидории барқ аз "Сангтӯда-1" бо доллар ҳисоб карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки додугирифт бар асоси шартномаи соли 2009 сурат мегирад, ки миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баста шудаст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳаққи барқ бо доллар ҳисобу бо сомонӣ пардохт мегардад.

"Феълан ширкати "Барқи тоҷик" барқро аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" зимни харид бо доллар ҳисоб мекунад ва тибқи қурби муайянкардаи Бонки миллӣ, бо сомонӣ пардохт менамояд", - афзуд Ёдгорӣ.

Ӯ дар мавриди истифодаи рубл ба ҷои доллар зимни харидуфурӯши барқ аз "Сангтӯда-1" гуфт, ки ин салоҳияти ҳукумат буда, дар он сатҳ баррасӣ ва ҳал мешавад.
Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рубл
Ин дар ҳолест, ки бар асоси нақшаи тасдиқкардаи Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар назар аст, созишҳои тиҷоратӣ зимни додугирифти молӣ бо шарикони асосии тиҷорӣ бозбинӣ шаванд ва табодули пули миллӣ ба асъори шарикони хориҷии тиҷорӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шавад.
Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
Қаблан раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи охирин додаҳои НБО “Сангтӯда-1”, ширкати "Барқи тоҷик" дар назди ин нерӯгоҳ 2 миллиарду 262 миллион сомонӣ (ҳудуди 180 миллион доллар) қарздор аст.
Таъхири болобарии нархи барқу об ва савдо бо рублу юан - нақшаи зиддибуҳронии Тоҷикистон
Ба гуфтаи НБО “Сангтӯда-1”, дар соли 2021 пардохти ширкати "Барқи тоҷик" дар доираи ҷадвалҳои ҳадди ақали кафолатноки пардохт (тақрибан 40%-и арзиши нерӯи барқи харидорӣ) сурат мегирад, ки имкон медиҳад, шароити кори бефосилаи нерӯгоҳи барқи обӣ, таъмири нақшавӣ ва музди меҳнати кормандон фароҳам шавад.
Аммо ин ба НБО-и "Сангтӯда-1" имкон намедиҳад, ки уҳдадориҳои худро дар назди саҳҳомон ва ҳамчунин дар назди буҷаи давлатии ҷумҳурӣ иҷро кунад.
Қобили зикр аст, ки ин нерӯгоҳи барқи обии дорои иқтидори 670 МВт панҷумин нерӯгоҳи барқи обии дар рӯдхонаи Вахш мебошад.
Он тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, ки дар соли 2008 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон маҳсули ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1"-ро дар ихтиёр дорад.