Шарҳи Бонки миллӣ дар бораи эҳтимоли бонки исломӣ шудани “Алиф Бонк”

Бонки миллӣ дар марҳилаи омодасозии асноди “Алиф Бонк” дар ҷиҳати табдили он ба як бонки исломӣ аст. Ин раванд бар асоси дархости бонки дувумӣ шуруъ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар робита ба сарусадоҳо дар ҷиҳати манъи баъзе аз хидматрасонии бонкдории исломӣ (тавассути корти Visa) аз ҷониби ин бонк, ки “Алиф Бонк” эълон карда буд ва дар васоити ахбори омма сарусадоҳои зиёдеро ба миён овард, вокиш кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии Бонки миллӣ, ҶСК "Алиф Бонк" ҳанӯз 28 октябри соли гузашта ба Бонки миллӣ вобаста ба оғози ҷараёни табдилёбӣ аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳо дархост кардааст.

“Дархости ҶСК "Алиф Бонк" мавриди омӯзиш қарор гирифт ва барои бартараф намудани баъзе аз норасоиҳо бастаи ҳуҷҷатҳо баргардонида шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки 18 апрели соли равон дар сомонаи “Алиф Бонк” ба таври расмӣ дар бораи маҳдудиятҳо маълумот нашр шуд, ки дар воситаҳои ахбори омма, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.
“Бинобар ин Бонки миллӣ бо мақсади дастрас намудани посухҳои асоснокшуда бо мактуб ба “Алиф Бонк” муроҷиат карда, онро вазифадор намуд, ки бонк вобаста ба асоснокӣ ва сарчашмаи маҳдудиятҳои гузошташуда нисбат ба баъзе мол ва хидматрасониҳо дар муддати кутоҳтарин маълумоти мушаххас ирсол намояд”, - илова кардаанд масъулини бонки танзимгар.
Талоши бонкҳои Тоҷикистон барои дарёфти шарикони бонуфуз дар Аврупо
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои БМТ, дар мактуби ҷавобии “Алиф Бонк” омадааст, роҳбарияти бонк бо назардошти вазъи бозор ва эътирози баамаломадаи мизоҷон нисбат ба маҳдудиятҳои эълоннамудаи “Алиф Бонк” масъалаи мазкурро бо Кумитаи хидматрасонии маблағгузории исломии худи ташкилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар натиҷа роҳбарияти “Алиф Бонк” ва кумита ба мувофиқа омаданд, ки бинобар ғайриимкон будани таъмини назорати ҳамаҷонибаи мутобиқатии амалиётҳои дар поён овардашуда бо принсипҳои маблағгузории исломӣ, риояи маҳдудият аз рӯи амалиётҳои мазкур ба зиммаи худи мизоҷон гузошта шуда, маҳдудият аз рӯи амалиётҳои зерини қаблан эълоншуда аз байн бардошта шавад:
мағозаи асбоби мусиқӣ, фортепиано ва нотаҳо;
гурӯҳҳои оркестрӣ ва ҳунармандони гуногун;
фурӯши суғуртаҳо, андеррайтинг ва пардохтҳои суғуртавӣ;
мағозаҳои маҳсулоти динӣ.
Зикр шудааст, ки гузаронидани амалиётҳои пардохтии дигар молу хизматрасониҳо дар доираи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва принсипҳои маблағгузории исломӣ ба танзим дароварда мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, чӣ монеи рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон шудааст
Ёдрас менамоем, ки дар Тоҷикистон 1 адад бонки исломӣ ва 2 адад равзанаи бонкии исломӣ фаъолият мекунад.
Аз моҳи сентябри соли 2019 ҶСК “Тавҳидбонк” ҳамчун аввалин бонки исломӣ барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро ба даст овард.
Дар оғози соли 2020 Бонки миллӣ ба ҶСК ТАҚХ “Ҳумо” ва ФҚХ “Имон” барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатнома дод.