ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Давоми як рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон зимни ду сонеҳаи нақлиётӣ чаҳор тан ҳалок гардидаву ҳафт тани дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд, хабар медиҳад КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нахуст 21-уми апрели соли 2022, соати 09:20 дар шоҳроҳи Ваҳдат - Файзобод, дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст.
Мошини тамғаи "Хундай", таҳти идораи марди 30-солаи сокини шаҳри Ваҳдат суръатро баланд карда, идораро аз даст дода, ба хатти муқобил баромадааст.
Дар натиҷа мошини ӯ ба худрави тамғаи "Опел-Вектра", ки ронандаи марди 31-солаи сокини шаҳри Ваҳдат буд, бархӯрдааст.
Бар асари ин бархӯрд мусофир ва ронанда мошини "Опел Вектра" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҳафт нафари дигар дар ин садама бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони шаҳри Ваҳдат мунтақил шудаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз садамаи мудҳиши дигаре дар километри 22-юми шоҳроҳи Душанбе - Варзоб рух додааст.
Ба иттилои мақомот, мошини тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи марди 32-солаи сокини Душанбе ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Варзоб ба самти Душанбе ба мошини боркаши "Дулан" бархӯрдааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи мошини "Опел-Астра" ва мусофири 34-солаи ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ҳар ду ҳалокшудаҳо бародар будаанд.