ДУШАНБЕ, 22 апр – Sputnik. Ҷо Байден, президенти ИМА зимни суханронияш дар иёлати Орегон аз уҳдаи талаффузи ному насаби яке аз сенаторҳои маҳаллӣ набаромад.
Ӯ вақте хост, номи Эрл Блюменауэрро зикр кунад, дар талаффузи насаб дучори мушкил шуд.
Президенти ИМА зимни шарҳи рушди инфрасохторӣ дар Орегон хост, ба сенаторҳои маҳаллӣ миннатдорӣ кунад.
"Ташаккур ба Рон Уайден, Ҷеф Меркли ва Эрл Бам... ба Эрл. Узр. Ман медонам. Метавонед маро Биден ном баред. Ҷо Биден", - шӯхӣ кард ӯ дар посух ба ҳозирине, ки тарзи дурусти насаби сенаторро ба ӯ гуфтанд.
Ин нахустин ҳолати ногуворе нест, ки президенти 79-солаи ИМА дучори он мешавад. Ахиран Байден пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ бори дигар дар вазъияти ногувор қарор гирифт ва дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Қаблан Байден ноиби раисҷумҳури худ Камала Ҳаррисро президенти Иёлоти Муттаҳида номид, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба Питтсбург пешпо хӯрд ва инчунин тасодуфан ду давлат - Сурия ва Либияро ба ҳам омехта кард.
Моҳи ноябри соли 2021 Байден аз муоинаи тиббӣ гузашта буд, ки нишон дод, саломатиаш барои иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси сарвари давлат монеа эҷод намекунад.
Илова бар ин духтури собиқи Кохи сафед, узви палатаи намояндагон Ронни Ҷексоy ба рафтори на он қадар мувофиқи роҳбари ИМА дар назди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир кард. Вай гуфта буд, ки вазъи равонии сарвари кунунии Иёлоти Муттаҳида метавонад ба як "масъалаи амнияти миллӣ" табдил ёбад.