Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳад

Пас аз анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳон ба таври куллӣ тағйир меёбад ва ба ду қутб тақсим мешавад - яке аз онҳо иттифоқи Русия ва Чин хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Хотимаи амалиёт дар қаламрави Украина ба ҷаҳониён ихтилофи боз ҳам бештар меорад, гуфт намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷа Ҷозеп Боррелл дар мусоҳиба бо расонаҳои аврупоӣ.

"Ҷаҳон хеле парокандатар мешавад ва ин боиси таконҳои иқтисодӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла навъҳои гуногуни ашёи хом ҳамчун силоҳ истифода мешавад", - гуфт Боррел.

Ба андешаи ӯ, яке аз ин захираҳо ғалла хоҳад буд, ки бештари он дар Русия аст.
Боррел аз имкони эҷоди як панорамаи нави сиёсӣ бо Русияву Чин аз як тараф ва Ғарб аз ҷониби дигар ёдовар шуд. Дар баробари ин як қатор мамлакатҳои тараққиёбанда вобаста ба шароит ба ин ё он тараф майл мекунанд.
Путин дар кишварҳои фақир қаҳтӣ пешгӯӣ кард
"Дар хотир доред, ки чӣ гуна дар замони "ҷанги сард" мо дар бораи кишварҳои ҳамроҳнашуда суҳбат мекардем? Ҳоло мо шоҳиди пайдоиши як падидаи мушобеҳ ҳастем", - таъкид кард ин сиёсатмадори аврупоӣ.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Вазорати дифои Русия аввалин гурезаҳоро аз Изюми вилояти Харков берун овард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.