ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Изҳороти котиби Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Алексей Данилов дар мавриди ҳамлаи эҳтимолӣ ба пули Қрим чун эълони қаблии амали террористӣ садо медиҳад.
Ин нуктаро Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия баён дошт.
"Чунин изҳорот чизи дигаре ҷуз эълони қаблии амали террористии эҳтимолӣ нест", - таъкид намуд намояндаи Кремл.
Ба гуфтаи Песков, чунин шеваи суҳбат қобили қабул набуда, бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ санҷида шаваду муҷозот дар пай дошта бошад.
Ба изҳороти Данилов ҳамчунин ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев низ вокуниш кард.
Медведев дар саҳифааш дар "Telegram" ба роҳбари Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина маслиҳат дод, фикр кунад, ки чӣ метавонад дар сурати зарба ба пули Қрим ҳадафи ҷавобӣ шавад.
"Яке аз роҳбарони парешонавзои Украина аз зарурати зарба ба пули Қрим гуфт. Умедворам, ӯ мефаҳмад, ки чӣ метавонад дар посух ҳадаф қарор гирад", - навишт ӯ.
Дар ҳамин ҳол сенатор аз Қрим Ола Ковитиди дар суҳбат бо РИА "Новости" гуфтааст, ки пули Қримро аз ҳаво ду полки мусаллаҳ бо С-400 ҳимоя мекунанд, ки майдони то 400-километриро таҳти контрол доранд.
Инчунин низоми ҳимояи чандқабатаи ҳавоӣ дар он ҷо мавҷуд аст, ки аз ҷумла бо "Панисир С - 1" муҷаҳҳаз аст.
"Ҳамин тариқ бидуни гузоштани из ва пинҳон шудан аз тариқи ҳаво ғайриимкон мебошад", - таъкид намуд сенатор.
Аз тариқи обӣ пулро на танҳо нерӯҳои Флоти Баҳри сиёҳ ҳимоят мекунад, балки низоми ҷиддии гидролокатсионӣ дорад, ки ҳар гуна диверсияро хунсо мекунад.
"Ҳар рӯз пояҳо мавриди санҷиш қарор мегиранд. Бинобар ин ба касе маслиҳат намедиҳем, ки талоши ҳамла ба пул кунад. Ҳамаашон пасгардонда хоҳанд шуд", - илова намуд Ковитиди.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Данилов изҳор дошта буд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина дар нахустин лаҳзае, ки имкон пайдо кунанд, ба пули Қрим зарба хоҳанд зад.