ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ҳич як миллатгари украинӣ, ки дар ҷиноят алайҳи мардуми осоишта ва низомиёни Русия даст доранд, бе ҷазои одил намемонад.
“Ҷамъоварии маълумот дар бораи амалҳои ҷиноии режими Киев аз ҷониби Кумитаи тафтишотии Русия дар ҳамкорӣ бо Трибунали байналмилалии ҷамъиятӣ барои Украина сурат мегирад... Ҳама мавод бодиққат омӯхташуда, ба парвандаҳои ҷиноӣ замима ва сипас ба додгоҳ пешниҳод карда мешаванд. Ҳеҷ як миллатгарои украинӣ, ки дар ҷиноят алайҳи мардуми осоишта ва низомиёни Русия даст доранд, бе ҷазои одилона намемонанд", - гуфт хонум Захарова.
Ҳамзамон намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия таъкид кард, ки дар кори Трибунали байналмилалии ҷамъиятӣ намояндагони зиёда аз 20 кишвар иштирок доранд.
Кумитаи тафтишоти Русия ҷиноёти режими Киев алайҳи мардуми осоишта дар Донбасс аз соли 2014 ба ин сӯро қайд мекунад. Илова бар ин ҳоло ҷиноёт алайҳи низомиёни Русия сабт мешаванд. Дар ҳамин ҳол бисёре аз ниҳодҳои байналмилалӣ, ки бояд ба мушкилоти мавҷуд таваҷҷуҳ кунанд, худро бадном кардаанд. Таъкид карда мешавад, дар ин шароит муҳим аст, ки тамоми сохторҳои давлатӣ ва институтҳои чамъиятиро бояд муттахид кард.
Яке аз ин муассисаҳо Суди байналмилалӣ ҷамъиятӣ доир ба Украина мебошад, ки дар он ходимони ҷамъиятии зиёда аз 20 кишвар иштирок доранд. Ҳадафи таъсиси он ҷамъоварии маълумот дар бораи ҷиноятҳои режими Киев мебошад.
Бояд қайд кард, ки санадҳои мавҷуди байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо меъёрҳои қонунгузории миллӣ имкон медиҳанд, парвандаи миллатгароёни украиниро дар давлатҳои мухталиф муҳокима кунанд.