Дар вилояти Свердловски Русия чанд узви як ҳалқаи махфии “Ҳизб-ут-таҳрир-ул-исломӣ”*-ро, ки мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони меҳнатиро ба ин гурӯҳи террористӣ ҷалб мекарданд, нобуд карданд, хабар медиҳад ФСБ-и Русия.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳалқа панҷ шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид буданд.
"Ин афрод бо дастури эмиссарҳои хориҷӣ идеологияи "Ҳизб-ут-таҳрир”*-ро таблиғ карда, мусалмонони маҳаллӣ ва муҳоҷирони кориро ба сафи худ ҷалб мекардаанд", - омадааст дар хабар.
Аз манзили исломгароён маводи таблиғотии “Ҳизб-ут-таҳрир”*, васоити иртиботӣ, васоити электроние, ки ҳангоми анҷоми амалиёти террористӣ истифода мешуданд, ошкору мусодира шуд.
Дар робита ба ин ҳодиса мақомоти интизомии Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
* - Ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия.