Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Мазҳакаи “Табиби парон”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Мазҳакаи “Табиби парон”-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск” аз миёни 22 театри дунё соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид.
Ҷоизаҳо ба театри Хуҷанд “Барои талфиқи возеҳи анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ” ва “Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ” супурда шуданд.
Дар Фестивали VIII байналмилалӣ миёни як дигар 22 театр аз 6 кишвари дунё, аз ҷумла Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус рақобат карданд.
“Ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид”, - гуфт Эҳсон Ҳомидов, мудири Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд.
Сафари ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба шаҳрҳои Ӯзбекистон
Ҳамзамон ӯ қайд кардааст, ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.
Ёдрас менамоем, ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоиши “Табиби паррон” аз 2 то 10 апрел дар Фестивали VIII байналмилалии театрии “Киштии Смоленск”, ки дар шаҳри Смоленски Русия баргузор шуд, иштирок карданд.
Фестивали мазкур дар ду сол як бор баргузор гардида, нахустин бор соли 2008 барпо шуда буд.