ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рӯйхати нави нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия номи низомиёни Горди миллии Украинаро дар бар мегирад, ки кушта ё маҷруҳ шудаанд.
Феҳрасти талафоти ҷониби Украина дар саҳифаи "Telegram"-и Вазорати мудофиаи Русия нашр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин талафот дар воҳидҳои Горди миллии Украина, аз ҷумла дар қисми низомии 3027 то 29 март сабт шудааст.
Аз ҷумла дар ин баёния дар бораи кушта шудани 15 нафар, захм бардоштани 55 низомӣ, инчунин шумораи фирориён, ки 57 нафар гуфта мешаванд, иттилое ироа шудааст.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия инчунин феҳрасти талафот дар қисми низомии 3057-и Украинаро нашр кард, ки полки неонатсистии "Азов" (алайҳи ҷангиёни он дар Русия парвандаи ҷиноӣ тафтиш мешавад) ба он ворид мешавад.
Мақомоти низомии Русия мегӯянд, талафоти бебозгашти ҳуҷҷатгузоришудаи ҷониби Украина беш аз 23,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.