Қодиров санаи озодсозии "Азовстал"-ро гуфт

Раисиҷумҳури Чеченистон мегӯяд, то зери назорати пурра гирифтани ҳудуди корхонаи "Азовстал" дар Мариупол фурсати кам мондаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, изҳор дошт, ки дар назар аст, 19 апрел корхонаи "Азовстал"-ро пурра зери назорат гиранд.
Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" изҳор дошт, ки фурсати каме мондаст, ки Мариупол пурра озод шавад.
"Мехоҳам хабари хуш ба онҳое расонам, ки мунтазири сулҳу субот дар ҷумҳурии Украина ҳастанд. Имрӯз бо кумаки Худованд бандериҳоро дар Мариупол торумор мекунему "Азовстал"-ро мегирем. Имрӯз ё пагоҳ, фурсати каме барои ин шайтонҳо мондаст", - гуфт Қодиров.
Маврид ба зикр аст, ки воҳидҳои Русия ва нерӯҳои Донбасс рӯзи 7 март Мариуполро муҳосира карданд ва аз он вақт то ҳол шаҳр аз нерӯҳои украинӣ тоза карда мешавад.
Феълан тақрибан кулли шаҳр таҳти назорат гирифта шуда, задухӯрдҳо дар минтақаи корхонаи “Азовстал” идома дорад. Дар он ҷо боқимондаҳои полки миллатгароёни "Азов" пинҳон шудаанд, ки алайҳи ҷангиёни онҳо дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шойгу: ИМА ният дорад, то охирин украинӣ ҷанг кунад
Вазорати мудофиаи Русия бори дигар ба нерӯҳои боқимонда дар "Азовстал" пешниҳод кард, ки силоҳашонро гузоранду таслим шаванд.
Барои ин муқаррар шудааст, ки то соати 16:00 бо вақти Маскав нерӯҳои Украина аз қаламрави "Азовстал" бо бардоштани парчами сафед берун шаванд.
Далели пешниҳоди чунин иқдом, вазъияти фалокатборе мебошад, ки дар корхона ба вуҷуд омадааст.
Қаблан низ Вазорати мудофиаи Русия ба ҷангҷӯёне, ки дар корхонаи "Азовстал" мавқеъ гирифтаанд, пешниҳоди таслим кард, аммо онҳо берун нашуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.