ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон даври сеюми Қаҳрамонии футболи миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид.
Ба гузориши Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Хатлон”-и Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин тим бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард.
Тими "Хатлон" дар даври сеюм бар тими "Эсхата"-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи “Эсхата” кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам тими "Хуҷанд"-ро ба пеш баровард.
Вале Тони Бикатал дар дақаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи тими Бохтарро таъмин карданд.
Дар бозиҳои дигар “Файзканд” бо “Хуҷанд” мусовӣ (0:0) бозӣ карда, “Равшан” дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад . “Равшан”-и Зафаробод бошад, дар майдони худаш аз дастаи КМВ "Артиш" бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол дар даври чоруми қаҳрамонӣ дастаи "Равшан" (Кӯлоб) бо "Равшан" (Зафаробод), "Истаравшан" бо "Регар-ТадАЗ", "Хуҷанд" бо КМВ "Артиш" ва "Файзканд" бо "Хатлон" вомехӯранд.
Интизор меравад, даври чорум рӯзҳои 23-24 апрел сурат гирад.