Дар Қазоқистон ҳуқуқи президент маҳдуд мешавад

Тибқи ташаббусҳои пешниҳодшудаи президент, то охири сол салоҳиятҳои раисҷумҳури Қазоқистон ба таври қонунӣ маҳдуд карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Қарор аст, то охири соли ҷорӣ ислоҳоти сиёсӣ барои маҳдуд кардани ҳуқуқи президент қонунгузорӣ шавад. Дар ин бора вазири адлияи ҷумҳурӣ Қанат Мусин хабар дод.
Тағйирот дар шакли ҳукумати суперпрезидентӣ қаблан бо ташаббуси президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев сурат гирифта буд.
Роҳбари Қазоқистон авоили моҳи март ба мардум муроҷиат карда аз ислоҳоти сиёсии дарпешистода хабар дод.
Ҳамин тариқ, сарвари давлат ҷонибдори гузариши ниҳоии як шакли идоракунии суперпрезидентӣ ба ҷумҳурии президентии дорои парлумони пурқувват буд.
Ба гуфтаи Тоқаев, тамаркузи ваколатҳои президент хеле зиёд аст, аз ин рӯ вай пешниҳод мекунад, ки онро коҳиш диҳанд.
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
Гуфта мешавад, як блоки ислоҳот ба конститутсия ворид карда мешавад. Онҳо пеш аз ҳама ба бознигарии салоҳиятҳои президент ва ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои иловагии марбут ба ваколати роҳбари давлат дар давраи ҳукмронии ӯ марбутанд.
Тоқаев ҳамчунин пешниҳод кард, ки узвияти сарвари давлат дар аҳзоби сиёсӣ барои давраи раёсати ҷумҳурӣ мамнӯъ эълон шавад.
Мусин гуфт, ҳамин талабот нисбати раисону аъзои Комиссияи марказии интихобот, Кумитаи ҳисоб ва Шӯрои конститутсионӣ, раисони вилоятҳо ва муовинони онҳо низ татбиқ хоҳад шуд.
Дар Қазоқистон аз сӯиқасд ба ҷони Тоқаев ҷилавгирӣ шуд - видео
Илова бар ин, дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар намудани манъи ишғоли хешовандони наздики сарвари давлат дар вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои давлатӣ низ бо ташаббуси Тоқаев сурат гирифт.
"Хулоса метавон гуфт, ки ислоҳоти ба нақша гирифташуда вобаста ба ваколатҳои президент ба рушди рақобати сиёсӣ ва фарҳангӣ, рушди истиқлолияти минтақаҳо, ташаккули рақобати кадрӣ дар дастгоҳи давлатӣ мусоидат хоҳад кард", - хулоса кард вазир.
Ба гуфтаи ӯ, пешниҳодҳои дигари Тоқаев барои коҳиш додани ширкати раиси ҷумҳурӣ дар ташаккули палатаи болоии парлумон, инчунин маҳдуд кардани таъсири ӯ ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.