ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар давоми се моҳи соли равон ин ниҳоди давлатӣ беш ду миллиону 200 ҳазор рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро, ки аз ҷониби корфармоён пардохт нашуда буданд, баргардонидааст.
Ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар ин давра ба дафтари намояндагӣ вобаста ба пардохт нагардидани музди меҳнаташон аз ҷониби корфармоён дар қаламрави Русия 49 нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд.
“Дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактикӣ 2203200 рубли русии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён пардохт карда шуд”, - қайд кард манбаъ.
Ҳамзамон намояндагӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия додааст, ки пеш аз оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман шартномаи меҳнатӣ имзо кунанд.
“Як нусхаи аслии онро дар худ ва нусхаи дигарро ба шуъбаи минтақавии полис оид ба масъалаи муҳоҷиратӣ супоред. Ин амал имконият медиҳад, ки иҷозатномаи фаъолият – патент пас аз итмом расидан муҳлат бидуни убури сарҳад, боз ба як соли дигари меҳнатӣ тамдид ёбад”, - зикр кардааст намояндагӣ.