Фармони Путин барои кафолатҳои иҷтимоӣ ба марзбонҳои Русия

Президенти Русия фармон дар мавриди пешниҳоди кафолатҳои иҷтимоии иловагӣ ба маъмурини марзбонии мақомоти амнияти федералиро ба имзо расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Кумаки яквақта ба оилаи корманди мақомоти марзбонии Русия дар сурати фавти низомиён пардохт хоҳад шуд.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба имзо расондааст.
Бар асоси фармон, ҳаҷми кумакпулии яквақтӣ барои фавти марзбон дар амалиёти вижа 5 млн. рублро ташкил медиҳад.
Кумакпулӣ барои оилаи марзбонҳое пешбинӣ шудааст, ки дар минтақаҳои ҳаммарз бо маконҳои гузарондани амалиёти низомӣ зимни адои вазифаашон ҷон додаанд.
Ҳамчунин ба онҳое низ пардохта мешавад, ки як сол баъди хориҷ шуданашон аз мақомоти марзбонӣ дар пайи ҷароҳату беморие, ки зимни иҷрои вазифаҳояшон гирифтаанд, мефавтанд.
Зербанди дигари ин фармон муқаррар кардааст, ки марзбонҳои ҷароҳатбардошта кумакпулии яквақтӣ дар ҳаҷми 3 млн. рублро соҳиб хоҳанд шуд.
Посухи Қодиров ба суханони Зеленский, ки гуфт, барои муқовимати тақрибан даҳсола омодааст
Таъкид шудааст, ки фармони мазкур ба ҳолатҳое рабт доранд, ки баъди 24 феврали соли равон ба вуҷуд меоянд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.