ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Итолиё наметавонад пули интиқоли гази Русияро бо рубл пардохт кунад, зеро ин маънои канорагирӣ аз таҳримҳои Аврупоро дорад, гуфт вазири корҳои хориҷии Итолиё Луиҷи Ди Майо.
"Мо наметавонем бо рубл пардохт кунем. Русия схемаи дукаратаро аз евро ба рубл ҷорӣ кардааст, ин имконнопазир аст, зеро ин маънои саркашӣ аз таҳримҳо алайҳи Бонки марказиро дорад", - гуфт ӯ дар суҳбат бо "Radio 24".
Ба гуфтаи Ди Майо, "аз нуқтаи назари техникӣ", Русия алайҳи худ эмбарго ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".
Вазир бори дигар таъкид кард, ки Рум барои дарёфти каналҳои нави интиқоли газ аз дигар кишварҳо кор мекунад: ба гуфтаи ӯ, пас аз сафари ахираш ба Алҷазоир сарвазир Марио Драги рӯзҳои 20-21 апрел аз Ангола ва Конго боздид мекунад.
Кишварҳои ғарбӣ ба ҷорӣ кардани таҳримҳои нав зидди Русия дар посух ба амалиёти вижаи Русия барои безарарсозии Украина шуруъ кардаанд.
Тавре котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, таҳримҳои Ғарб хеле ҷиддианд, вале Русия ба онҳо пешакӣ омодагӣ медид.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, Маскав тамоми мушкилоти иқтисодиро, ки Ғарб барояш эҷод кардааст, ҳал хоҳад кард.
Рӯзи 23 март кишвардори Русия Владимир Путин аз қатъи интиқоли гази табиӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар давлатҳо бар ивази доллар ва евро хабар дод.
Сипас президент фармони дахлдорро имзо кард ва гуфт, ки Русия дар сурати аз 1 апрел ба ин сӯ пардохт нашудани газ бо рубли русӣ дар мавриди иҷро нашудани уҳдадориҳои қарордодҳо аз ҷониби кишварҳои ғайридӯстро баррасӣ хоҳад кард.
"Газпромбонк" барои харидорони хориҷӣ ҷиҳати пардохти пули газ суратҳисобҳои махсуси асъор ва рубл боз мекунад.
Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномабуда маблағи "сӯзишвории кабуд"-ро гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидор бо рубл ворид мекунад.
"Газпром" болои татбиқи ин механизм кор мекунад.