ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Чин омодааст, ҳамкориҳоро бо Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) густариш диҳад.
Дар ин бора раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқӣ Ли Чжаншу хабар дод.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадори чинӣ, СПАД ҳамчун "механизми пешбари амнияти низомӣ" дар ИДМ "дар пешбурд ва таъмини суботу амнияти минтақа" нақши муҳим дорад.
"Мо омодаем, ҳамкориҳоро бо ин созмон идома ва минбаъд густариш диҳем", - гуфт Ли Чжаншу зимни мулоқоти онлайнӣ бо раиси Шӯрои федератсия Валентина Матвиенко.
Авохири моҳи март намояндагони вазоратҳои дифои кишварҳои узви СПАД, Ситоди муштарак ва котиботи ин иттиҳодия нақшаи беҳбуди вокуниш ба буҳронро баррасӣ карданд.
Дар рафти машварат аъзои ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои иштироккунанда лоиҳаи нақшаи чорабиниҳоро оид ба истифодаи қувваҳои сулҳпарвар дар хориҷа таҳия карданд.
Машваратҳоро роҳбари СПАД Анатолий Сидоров раҳбарӣ кард.
Дар онҳо намояндагони вазоратҳои дифои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, инчунин котиботи СПАД ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, СПАД 15 майи соли 1992 бо имзои шартномаи Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон таъсис ёфта буд.