ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз як суханронӣ дар иёлати Каролинаи Шимолӣ бори дигар дар вазъияти ногувор қарор гирифт ва дасти худро барои дастфишорӣ ба сӯйи курсии холӣ дароз кард.
Дар видеое, ки шабакаи телевизионии NBC News нашр кардааст, раҳбари Амрико пас аз анҷоми суханрониаш дар назди тамошобинони зиёд аз ҷамъомадагон дар саҳна рӯй гардонд ва дасти худро ба тарафи касе дароз кард.
Дар баробари ин дида мешавад, ки дар паҳлуи Ҷо Байден касе нест. Ин имову ишора ба кӣ буд, рӯшан нест.
Дарҳол пас аз ин ҳаракати аҷиб раисиҷумҳур, ки ошуфта шуда буд, дар назди минбар чанд қадам гузошт, ки зоҳиран дар ҷустуҷӯи гузаргоҳ барои тарки саҳна буд.
Қобили зикр аст, ки ин эпизод дар версияи ниҳоии пахши суханронии ӯ дар канали "YouTube" дар Кохи сафед вуҷуд надорад.
Ёдовар мешавем, ки ин аввалин ҳолати аҷибе нест, ки раҳбари 79-солаи Амрико ба он дучор мешавад.
Қаблан Байден ноиби раисҷумҳури худ Камала Ҳаррисро президенти Иёлоти Муттаҳида номид, ҳангоми савор шудан ба ҳавопаймо ба Питтсбург пешпо хӯрд ва инчунин тасодуфан ду давлат - Сурия ва Либияро ба ҳам омехта кард.
Моҳи ноябри соли 2021 Байден аз муоинаи тиббӣ гузашта буд, ки нишон дод, ки саломатиаш барои иҷрои вазифаҳои худ ба ҳайси сарвари давлат монеъ нест.
Илова бар ин духтури собиқи Кохи сафед, узви Палатаи намояндагон Ронни Ҷексон ба рафтори на он қадар мувофиқи роҳбари ИМА дар назди ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Вай гуфт, ки қобилиятҳои равонии сарвари кунунии Иёлоти Муттаҳида метавонанд ба як "масъалаи амнияти миллӣ" табдил ёбанд.