Раҳмон дар Панҷакент аз вазъияти душвортарини ҷаҳон, таҳримот ва захираи ғизо гуфт

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба вазъи душвори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз сокинони кишвар даъват кард, ки бо истифода аз ҳар имконе дар таъмини бозори дохилии кишвар саҳм бигиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз кулли деҳқонон, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат намудааст, ки истифодаи оқилонаву самарабахши обу заминро таъмин намоянд.
Зеро ба гуфти президент, вазъияти ниҳоят ноустувори сиёсиву иқтисодии ҷаҳон аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки ба масъалаи рушди кишварамон ва таъмин намудани сатҳи шоистаи зиндагии мардумамон нигоҳи дурбинона дошта бошем.
"Илова ба мушкилоти зиёди амниятие, ки имрӯзҳо сокинони сайёра бо онҳо рӯ ба рӯ омадаанд, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз қабили хушксолӣ, камобӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ вазъи мавҷударо боз ҳам печидатар мегардонад", - гуфтааст президент зимни суханронӣ бо фаъолони шаҳри Панҷакент .
Ба гуфтаи ӯ, дар чунин давраи ҳассоси ҷаҳони муосир бояд аз тамоми имкониятҳо, оқилона истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, дар ҳар як оила захираи дусолаи озуқавориро таъмин намоем.
Дар ин раванд зарур аст, ки ба масъалаи аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои нав эътибори аввалиндараҷа дода, нагузорем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ, махсусан дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ кашанд, таъкид мекунад раисҷумҳури кишвар.
Аз мактабу меҳмонхона то зоишгоҳу майдони парчам: Раҳмон дар Панҷакент чиро ифтитоҳ кард?
Президенти Тоҷикистон вазъияти имрӯзаи дунёро бисёр нобасомон хонда гуфтааст, ки ҷомеаи башарӣ дар яке аз солҳои вазнинтарину аз ҳар лиҳоз душвортарини таърихи худ қарор дорад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бар асари низоъҳои сиёсиву иқтисодӣ, таҳримҳои молиявӣ, инчунин идомаи КОВИД–19, мушкилоти глобалии гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии он дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида, нархи тамоми навъҳои молу маҳсулот ва дар навбати аввал маҳсулоти озуқаворӣ қариб дар саросари ҷаҳон ба таври бесобиқа боло рафта истодааст.
Оқои Раҳмон дар чунин шарои барои дучор нашудан ба мушкилот аз сокинони кишвар хостааст, ки бештар имконоти мавҷударо истифода кунанду дасти ҳамдигарро бигиранд ва дар тамоми ҷанбаҳои зиндагиву рӯзгор сарфаю сариштакор бошанд.