Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Коршинос шароити сулҳи пойдор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро номбар кард

Олим ба самаранокии усули гуфтушуниди тарафҳоро шубҳа карда, роҳи беҳтарини ҳалли мушкили мубрамро пешниҳод кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ҳалли манфиатҳои шахсӣ дар сарҳад бо даргириҳо ҳеҷ гоҳ натиҷае нахоҳад дод.
Дар ин бора доктори илми ҳуқуқ, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, сиёсатшинос Шокирҷон Ҳакимов изҳори назар кард.
Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки ёддошту қарордодҳои имзошуда гоҳ-гоҳ аз бесамар будани онҳо шаҳодат медиҳанд.
Коршинос бар ин назар аст, ки мушкили марзии Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо ширкати сиёсатмадорони воломақом метавонад якбора ҳал шавад.

"Фикр мекунам, вақте на дар сатҳи раҳбарони марказҳои маъмурии ду шаҳри наздимарзӣ, баки мулоқотҳо дар сатҳи баландтаре баргузор мешаванд, ки аз ҷониби ҳукумат ва порлумони ду кишвар таъсис дода шудаанд, самараноктаранд", - гуфт сиёсатшинос.

Ба гуфтаи Ҳакимов, чунин бархӯрд ба ҳамсуҳбатон имкон медиҳад, ки ба ҳалли чунин як масъалаи мушкил “самимонатар ва поквиҷдонона” бархӯрд кунанд.
Ёдовар мешавем, ки 12 апрел, соати 18:20 дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии ҷамоати деҳоти "Зафар"-и Хистеварз, дар рӯ ба рӯи деҳаи Ҷан-Ҷери ҷамоати Кулундуи ноҳияи Лайлак тирпаронӣ рух дод.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар тирпаронӣ бо Қирғизистон як сарбози тоҷик ба шаҳодат расид
Сабаби муноқишаи мусаллаҳона ҷанги лафзӣ миёни сардори отряди марзбонии Қирғизистон дар Кулунда ва марзбонони тоҷик будааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 6 нафар аз ҷониби Қирғизистон ҷароҳат бардошта, се марзбони тоҷик низ захмӣ шудаанд, ки ҷароҳати ду нафари онҳо сангин гуфта мешавад.
Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон як қурбонӣ низ доштааст.