Ҳамкорӣ бо Корея дар бахши кишоварзӣ тақвият меёбад

Миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз имзои Ёдошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея хабар дод.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ахиран баъд аз мулоқоти Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Ли Ок Рён, раиси Ассотсиатсияи дӯстии Ҷумҳурии Корея дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ маросими имзои санади мазкур сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот қайд гардидааст, ки Вазорати кишоварзии Тоҷикистон барои ҷалби таҷриба ва инноватсияи Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои обёрии қатрагӣ, гармхонаҳои шакли кореягӣ, смартфермаҳо, рақамикононии соҳаҳои чорводорӣ, растанипарварӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзии кишвар аз таҷрибаи Корея ва табодули донишҷӯён омода мебошад.
Тоҷикистону Корея ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷиратро густариш медиҳад
Дар ҳамин ҳол ҷониби намояндагони Ҷумҳурии Корея барои дар доираи лоиҳаҳои ҳаракати “Семаул Ундон” дастгирӣ намудани соҳаи кишоварзии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамчунин манбаъ илова кардааст, ки дар мулоқоти судманд дурнамои ҳамкории минбаъда ва самтҳои ояндадори нав баррасӣ шуд.