ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар се соли оянда Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки воридоти шакарро афзоиш диҳад.
Ин маълумот дар пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар оварда шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста".
Аз соли 2022 то соли 2024 воридоти ин навъи маҳсулот беш аз 20% афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи пешгӯиҳо, ҳаҷми воридоти шакар ба 205 ҳазор тонна мерасад. Барои соли 2022 ин рақам 175 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Ин афзоиши воридот ба афзоиши шумори аҳолӣ ва ниёз ба саноати коркард вобаста гуфта мешавад. Аз ҷумла шакар дар истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба миқдори зиёд лозим аст.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар соли 2021 воридоти шакар беш аз 162,1 ҳазор тонна, ба маблағи 86,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ёдовар мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар мавриди таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин навъи маҳсулот дар кишвар бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтушунид доштанд.
Барои ин пеш аз ҳама майдонҳои калони парвариши лаблабӯ ва танҳо дар он сурат сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ имконпазир мегардад.