ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳадафҳои амалиёти вижае, ки Русия дар Украина оғоз кардааст, амалӣ хоҳанд шуд, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни суҳбат бо коргарони космодроми "Восточний".
Ба гуфтаи ӯ, маъракаи низомӣ ҳадафҳои комилан фаҳмо ва наҷиб - кумак ба сокинони Донбассро дорад.
"Мутаассифона, мақомоти Киев аз иҷрои тавофуқоти Минск сарпечӣ карданд. Таҳаммули ин наслкуширо идома додан ғайриимкон буд", - гуфт ӯ.
Президент афзуд, Русия илоҷи дигаре барои таъмини амнияти худ надорад. Ягона ва дуруст қадами ҳарбӣ буд.
"Мо коре карда истодаем, ки аз як тараф ба одамон кумак мекунем, одамонро наҷот медиҳем ва аз тарафи дигар мо танҳо барои таъмини амнияти худи Русия чора меандешем",- гуфт президент.
Вай ҳамчунин ба афзоиши нерӯҳои зидди Русия дар Украина дар солҳои ахир, аз ҷумла неонатсизм ишора кард. Бархӯрд бо онҳо ногузир буд.
Илова бар ин раисиҷумҳур аз афсарони нерӯҳои мусаллаҳи Русия, ки дар амалиёти вижа ширкат доранд, ситоиш кардааст.
"[Онҳо] далерона, моҳирона амал мекунанд, аз навъҳои муосиртарин силоҳ истифода мекунанд", - гуфт раҳбари Русия.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавоноии ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа Русия ва Украина 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Ҳайатҳо инчунин якчанд бор онлайнӣ тамос гирифтанд.
Дар пайи ин гуфтугӯҳо ба тарафҳо муяссар гардид, ки аз рӯи баъзе масъалаҳо ба созиш бирасанд. Дар ояндаи наздик раванди музокироти Маскаву Киев идома хоҳад ёфт.