ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар баробари навбатпоиҳое, ки дар банкоматҳо ва марказҳои хидматрасонӣ пайдо шудаанд, қимати маводи ниёзи аввалия боз боло меравад.
Сокинон дар пасманзари афзоиши ғайричашмдошти қурби пули Русия пас аз моҳи феврал ба бонкҳо шитофтанд, то рубли ирсолии муҳоҷиронро гиранд.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, рӯзи дувум аст, ки дар терминалҳои бонкҳои Душанбе ҷамъшавии зиёди одамон мушоҳида мешавад. Мардум бо норасоии пули нақди миллӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Дар баробари ин дар ташкилотҳои тиҷорӣ аз хориҷа интиқоли маблағҳо то ҳол идома дорад. Қисми зиёди маблағҳо барои хидматрасонӣ ва додани пули нақд дар интиқоли маблағ сарф карда мешаванд.
Пас аз ҷаҳиши якбораи қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ нархи маводи ғизоӣ низ боло рафт. Ин ба он далел аст, ки воридоти коло ба Тоҷикистон бо доллару рубл сурат мегирад.
Сокинони кишвар аз аввали ҳафта боз тафовути нархи маҳсулоти зарурии воридшударо ҳис карданд, хабар медиҳад сомонаи "Авесто".
Илова бар ин бозори дохилӣ ба тасмими Русия дар бораи манъи содироти рӯғани офтобпараст низ ночор монд.
Инак, аллакай 11 апрел рӯғани офтобпараст якбора 8 фоиз қимат шуд. Агар дар рӯзҳои истироҳат як баки панҷлитраи рӯғани офтобпарасти маъруфи "Олейна" 120 сомонӣ арзиш дошта бошад, пас аз аввали ҳафта нархи он то 130 сомонӣ боло рафтааст.
Қобили зикр аст, ки то ҳол дар ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар мавриди болоравии нархҳо изҳори назар нашудааст. Аммо таъминкунандагон ва фурӯшандагон тамоюли қиматиро бо афзоиши доллар рабт медиҳанд.