ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими миллии Непалро шикаст дод.
Бозии яккачини кишварҳо дар Бишкек доир гашта, бо ҳисоби 11:1 ба фоидаи Тоҷикистон поён ёфт.
Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров хет-трик кард. Чаҳор бозигари дигар – Идрис Ёров, Умед Қӯзиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов ба дарвозаи тими миллии Непал ду голӣ заданд.
Ягона голи яккачини Непалро Бишвас Паудел ба ҳадаф расонд.
Пагоҳ, 12 апрел дар даври ниҳоии мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2022 тими миллии Тоҷикистон бо тими миллии Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии ифтитоҳии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022 дар Бишкек бо тими Афғонистон мусовӣ анҷом дод. Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:4 анҷом ёфт.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қирғизистон мегузарад.
Рақобатҳо аз 10 то 12-уми апрел бо ширкати ҳашт тими мунтахаб барпо мешаванд.
Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешаванд
Қобили зикр аст, ду дастаи пирӯз аз ин гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз ин нафарон иборат аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов ("Истиқлол"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк");
Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов ("Кинггершайм", Фаронса), Рустам Ҳамидов ("Оқжетпес", Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – "Соро компания"), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Ҳалимов (ҳама - Сипар), Самандар Ризомов ("Истиқлол").