ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон гуфт, пурра озод кардани Луганск ва Донетск “аз фашистону шайтонҳо” ва сипас “ҳамаи шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Киев" барои онҳо дар авлавият қарор дорад.
Ӯ гуфтааст, ки "кори мо тоҳоҷумӣ хоҳад буд. На танҳо дар Мариупол, балки дар тамоми дигар шаҳракҳо ва деҳот. Пеш аз ҳама мо Луганск ва Донетскро комилан озод мекунем".
"Ин аст вазифае, ки сарфармондеҳи олӣ, президенти муҳтарами мо Владимир Владимирович Путин ба миён гузоштааст. Ва он гоҳ мо Киев ва тамоми шаҳрҳои дигарро хоҳем гирифт”, - гуфт Қодиров дар паёми видеоии худ дар канали "Telegram"-аш.
Дар айни замон ӯ шарҳ дод, ки мақсад аз худ кардани шаҳрҳо не, балки "нобуд кардани бендерҳо" мебошад.
"Ҳадафи мо гирифтани шаҳрҳо нест, балки ҳадафи мо нест кардани ин бендер, фашист ва шайтонҳост", - гуфт ӯ.
Қодиров афзуд, ки як қадам ҳам ба ақиб нахоҳад рафт ва ин иқдоми хайрхоҳонаро ба истилоҳ дӯстон нодуруст фаҳмиданд.
Қаблан Қодиров гуфта буд, ки садҳо ихтиёрӣ барои ширкат дар амалиёти вижа дар Украина ба Грозний меоянд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.