ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Ба гузориши Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, ин кишвар дар ду моҳи гузаштаи соли ҷории милодӣ ба Эрон беш аз ду ҳазор тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст, иттилоъ додаанд расонаҳои эронӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, аз Ӯзбекистон ба Эрон 2 ҳазору 500 тонна мева ва сабзиҷот содирот кардааст.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки Ӯзбекистон дар ду моҳи гузаштаи соли 2022 ба кишварҳои хориҷӣ ба арзиши 114 миллион доллар мева ва сабзиҷот содир кардааст.
Ӯзбекистон ба кишварҳои Қазоқистон 67,5 ҳазор тонна, Русия 29,5 ҳазор тонна, Чин 16,6 ҳазор тонна, Қирғизистон 14 ҳазор тонна, Афғонистон 6,8 ҳазор тонна, Покистон 3,3 ҳазор тонна, Украина 3,3 ҳазор тонна, Туркия 3,2 ҳазор тонна, Озарбойҷон 2,4 ҳазор тонна, Беларус 2,2 ҳазор тонна, Иморати Муттаҳидаи Арабӣ 1,4 ҳазор тонна, Олмон 553 тонна, Амрико 386 тонна мева ва сабзиҷот содир кардааст.
Тибқи омор, Ӯзбекистон солона беш аз 21 миллион тонна мева ва сабзиҷот тавлид мекунад, ки аз ин миқдор фақат 1,5 миллион тоннааш ба кишварҳои хириҷӣ содирот мешавад.