Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Рақами силсилавӣ собит кард, ки мушаки ба Краматорск партобшуда аз нерӯҳои Украина буд

Бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Аксҳое, ки хабарнигорони ғарбӣ бо иҷозаи Киев бардоштаанд, собит мекунанд, мушаки “Точка-У”, ки ба Краматорск партоб шуда буд, украинӣ аст. Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо истинод ба шабакаи телевизионии Иттиҳоди Донетск ва чанд канали "Telegram", ки ба мавзуъҳои низомӣ тааллуқ доранд, хабар медиҳад.
"Рақами силсилавии мушаки "Точка-У", ки як рӯз пеш ба истгоҳи роҳи оҳани Краматорск афтода буд, дар интернет пайдо шуд. Мушаки 9М79-1, рақами силсилавии Ш91579. Қаблан ҷангҷӯёни украинӣ аз мушакҳои ҳамон силсила истифода мекарданд",- гуфта мешавад дар ин шабака.
Муаллифон инчунин мушакҳои дигареро номбар кардаанд, ки дар тавозуни нерӯҳои мусаллаҳи Украина қарор доштанд. Дутои онҳо дар соли 2015 дар Алчевск ва Логвиново, дигарон дар Бердянск ва Мелитопол истифода шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ҶМД аз ҳамлаи нерӯҳои Украина ба вокзали Краматорск хабар дод: 30 нафар кушта шуд
"Мушаки "Точка-У", ки даҳҳо ғайринизомиро дар Краматорск ба ҳалокат расонд, аз қабили мушакҳоест, ки дар хидмати қувваҳои мусаллаҳи Украина буданд", - гуфтааст вакили собиқ Рада Иля Кива низ дар канали "Telegram".
Илова бар ин баъзеҳо пай бурданд, ки рақами силсилавии "Точка-У" дар видеоҳои украинӣ дар аввал норавшан буд, аммо сабтҳо бо рақамҳои хондашаванда дар эфири шабакаҳои телевизионии хориҷӣ пайдо шуданд.
Ҳамин тариқ, бар асари як иғво дар истгоҳи роҳи оҳани Краматорск, бино ба изҳороти раисҷумҳури Донетск, 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд.