ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов гуфт, вақти он расидааст, ки Ғарб аз додани силоҳ ба Украина худдорӣ кунад.
“Ниҳоят муҳим аст, ки кишварҳои ғарбӣ ба рехтани рӯған ба оташи ҷанг дар Украина ва додани силоҳ ба режими Украина хотима диҳанд”, - гуфт вай.
Сафир афзуд, ки зарурати эҳтиром ба қонуни байналмилалии башардӯстона аз ҷониби ИМА ва муттаҳидонаш аён мегардад.
Антонов таъкид кард, "мо ҳеҷ гоҳ қатли ғайринизомиён ва ҳамчунин куштану шиканҷаи сарбозони асиршудаи русро таҳаммул нахоҳем кард”.
Ба гуфтаи ӯ, ноил шудан ба нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина, ба ин васила таъмини мақоми бидуни силоҳи ҳастаии ин кишвар ва ҳамчунин риояи созишномаҳои байналмилалӣ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом хеле муҳим аст.
“Мо бояд ҳама корро анҷом диҳем, то аз халалдор шудани Аҳдномаи паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунем. Ҳеҷ гуна хатаре ба Русия аз қаламрави Украина таҳдид накунад”, - гуфт сафир.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳадаф аз амалиёти вижаи низомӣ маҳз ҳамин аст.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, масъулони "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд.