ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Рубли русӣ да бозори арз устувориро нишон медиҳад ва ин мавқеъ метавонад то чанд муддат боқӣ монад, гуфт Олег Шибанов, директори Маркази технологияҳои молиявӣ ва таҳқиқоти иқтисоди рақамии СКОЛКОВО-РЭШ ба "Прайм".
"Саволи асосӣ ин аст, ки талабот ва пешниҳод дар оянда чӣ гуна хоҳад буд", - қайд кард мутахассис.
Вай афзуд, ҳоло вазъи пешниҳоди зиёд аз ҷониби содиркунандагон, ки муваззафанд 80 дарсади даромади арзии худро ба фурӯш гузоранд ва тақозои камтар аз воридкунандагон боқӣ мондааст.
Илова бар ин, коршинос ба адами тақозо аз Вазорати молияи Русия ишора кард, ки ба далели мунҷамид шудани ҳисобҳои доллариаш доллар намехарад.
Бо вуҷуди ин, дар сурати маҳдудият дар содироти Русия, ҳолатҳои поин рафтани рубл низ имконпазир аст, хулоса кард Шибанов.
Дмитрий Александров, сардори шуъбаи тадқиқоти таҳлилии ширкати "УНИВЕР Капитал" бошад, мегӯяд ҳоло вазъ барои рубл баҳри тадриҷан коҳиш додани беқурбшавияш мусоид аст.
Ӯ гуфт, барои қавитар гаштани рубл чораҳои Бонки марказӣ, ки содиркунандагонро муваззаф кардааст, 80% даромади асъориро ба рубли русӣ табдил диҳанд, таъсир мерасонад.
Ҳамзамон фоизҳои баланд барои харидани евро ва доллар дар биржа ва манъи фурӯши дороиҳо аз ҷониби ғайрирезидентҳо низ ба пули коғазии Русия таъсири мусбат мерасонад.
Болоравӣ ва фурӯпошии доллар дар соли 2022
Моҳи феврали соли 2022 доллар ва евро ба ҳадди рекордӣ боло рафт.
Қурби "амрикоӣ" аз 120 рубл гузашт ва пули евро то 135 рубл боло рафт.
Сабаби якбора боло рафтани қурби асъор як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ буд. Аз ҷумла эътироф шудани ҶМД ва ҶМЛ аз ҷониби Русия, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус таҳримҳо мебошад.
Рӯзи 23 март қурби доллар аз 100 рубл поин рафт ва евро то 105 рубл коҳиш ёфт.
мавқеи пули русӣ ба далели кори содиркунандагон, ки 80% даромади асъорро мефурӯшанд ва талаботи нав барои фурӯши гази Русия ба кишварҳои ғайридӯст бо рубл мустаҳкам шуд.
Дар баробари ин "амрикоӣ" тамоюли пастшавии худро давом дод.
Ҳамин тавр рӯзи 7 апрел қурби доллар аз 24 феврал барои аввалин бор аз 75 рубл ба поин рафт.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин падида муваққатист. Даромади валюта аз содирот низ кам шуда, хароҷоти импорт зиёд мешавад. Ин маънои онро дорад, ки доллар метавонад дубора боло равад.