ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Билл Клинтон, раисҷумҳури пешини ИМА дар як мақолаи худ барои рӯзномаи "Atlantic" навиштааст, ки ба ҳамтоёни руси худ Борис Елтсин ва Владимир Путин имкони пайвастани Маскав ба НАТО-ро пешниҳод кардааст.
Сиёсатмадор ба рушди равобити НАТО ва Русия дар солҳои 1990 ишора кардааст. Вай ҳамчунин аз ширкати Маскав дар барномаи “Шарикӣ ба хотири сулҳ”, имзои санади умумии миёна Русия ва НАТО, маблағгузории ИМА барои хуруҷи нерӯҳои Русия аз кишварҳои Соҳили Балтика, инчунин иштироки якҷоя дар баъзе амалиёти муҳофизати сулҳ ёдовар шуд.
“Тамоми ин муддат мо дарҳои НАТО-ро барои вуруди Русия боз нигоҳ доштем, ки ман инро ба Елтсин ва сипас ба Владимир Путин баён доштам”, - гуфт Клинтон.
Роҳбари пешини ИМА ҳамчунин иддаоҳо дар бораи он ки Амрико "беэътиноӣ, беэҳтиромӣ, ҳамчунин талош кард, ки Русияро дар инзиво қарор диҳад”-ро беасос хонд, аммо эътироф кард, ки НАТО ба далели эътирозҳои Маскав ба самти Шарқ тавсеа меёбад ва ба гуфтаи вай, ин сиёсати “дуруст” аст.
Қаблан Путин гуфта буд, ки дар ҷараёни сафари Клинтон ба Маскав дар соли 2000 аз ӯ суол карда буд. Аммо ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳамтои амрикоиаш дар вокуниш ба суоли ӯ "як навъи худдорӣ нишон дод".
Дар ҳамин ҳол Путин таъкид кард, ки мавқеи воқеии Иёлоти Муттаҳида дар мавриди чунин имконот дар иқдомоти воқеии онҳо дар баробари Маскав, аз қабили пуштибонии ошкорои террористҳо дар Қафқози Шимолӣ, беэътиноӣ аз талаботи амниятии Русия дидан арзёбӣ кардан мумкин аст.