ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо байни ҷавонону наврасон низ аз медали тило маҳрум намонданд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст.
Мусобиқа 8 апрел дар Тошканд ба охир расид. Ҷудочиёни тоҷик соҳиби медал– як нуқра ва ду биринҷӣ шуданд.
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонону наврасон, ки рӯзҳои 5-8 апрел дар Тошканд баргузор шуд, се медал - як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.
Медали нуқраро Иброҳим Элмуродов ба даст овард, ки ӯ дар вазни зиёда аз 100 кило баромад кард.
Ҷудочии тоҷик тавонист ба даври ниҳоӣ роҳ ёбад ва дар қувваозмоии ҳалкунанда аз мизбон – Исломбек Равшанқулови ӯзбекистонӣ шикаст хӯрд.
Медалҳои биринҷиро Нуралӣ Эмомалӣ ( 66 кг) ва Масъуд Аҳмадзода (то 73 кг) ба даст оварданд.
Нуралӣ Эмомалӣ дар даври ниманиҳоӣ аз қирғизистонӣ шикаст ва барои ҷойи севум боз бо намояндаи ин кишвар дидор кард ва тавонист пирӯз шавад.
Дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон 312 варзишгар (233 мард ва 79 зан), байни ҷавонон 187 варзишгар (128 мард ва 59 зан) аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ширкат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 28 гуштигир – 9 нафар миёни наврасон ва 19 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ карданд.