Президенти Русия Владимир Путин бо раҳбари Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский видоъ кард.
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, Путин ба маросими видоъ хеле пешатар ҳозир шудааст, то ба маросими видоъ бо ширкати омма халал нарасонад.
Раисҷумҳури Русия ба маросими видоъ бо як гулдастаи садбарги сурх омад.
"Гап дар он аст, ки Путин, воқеан, ин маросимро оғоз кард, ӯ аввалин шуда, дар он ширкат кард. Пас аз он одамони зиёде барои видоъ саф кашиданд. Ӯ барои халал нарасонидан ба одамоне, ки омаданӣ буданд, пештар ба он ҷо рафт”, - гуфт Песков.
Жириновский рӯзи 6 апрел, пас аз бемории шадид ва тӯлонӣ дар синни 75-солагӣ даргузашт.
Жириновский рӯзи 2 феврал бо нишонаҳои сироятшавӣ аз бемории коронавирус ба яке аз бемористонҳо шаҳри Маскав интиқол дода шуд.
Пизишкон муайян намуданд, ки ҳудуди 50-75 дарсади шуши ин сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст. Онҳо барои наҷоти ҳаёти роҳбари сиёсатмадор зиёд мубориза бурданд, вале талошҳояшон бенатиҷа анҷом ёфт.