ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бонки Русия меъёри бозтамвилро 17% поин бурд. Дар баробари ин гуфта мешавад, дар оянда низ чунин сиёсат идома хоҳад ёфт.
"Шӯрои директорони Бонки марказии Русия тасмим гирифт, ки меъёри асосиро аз 11 апрели соли 2022 то 3,00 банди фоиз, 17,00% дар як сол коҳиш диҳад", - гуфт Бонки марказии Русия.
Чунин тадбирҳо аз тағйирёбии мизони хавфҳои суръатбахши афзоиши нархҳои истеъмолӣ, сустшавии фаъолияти иқтисодӣ ва хатарҳо ба суботи молиявиро инъикос мекунанд.
Дар баробари ин вазъи иқтисоди берунии Русия мушкил боқӣ монда, фаъолияти онро ба таври назаррас маҳдуд мекунад.
Мутахассисон қайд карданд, ки хатарҳо ба суботи молиявии кишвар то ҳол боқӣ мондаанд, вале афзоиш пайдо нахоҳанд кард.
Ҷаласаи навбатӣ дар ин мавзуъ дар Бонки марказӣ рӯзи 29 апрел баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Бонки марказӣ нахустин бор дар таърих меъёри бозтамвилро то 20% боло бурд. Танзимгари асосии молиявии Русия ин тасмимро ба далели таҳримҳои густардае аз ҷониби ИМА ва Аврупо алайҳи Русия гирифт.
Ин тадбир барои нигоҳ доштани суботи молӣ ва нархҳо, ҳифзи пули шаҳрвандон аз беқурбшавӣ, мустаҳкам кардани қурби рубл, афзоиши фоизи қарзҳо ва пасандозҳо роҳандозӣ шуд.
Меъёри бозтамвил нишондоди ҳадди ақали фоизҳо мебошад, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад.