ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Сохтмонҳои Русия ба далели коҳиши қурби доллар каме хуруҷи муҳоҷирони кории Русияро эҳсос кардаанд.
Дар ин бора муовини сарвазир Марат Ҳуснуллин хабар дод. Аммо бо тақвияти қурби рубл вазъ беҳтар шудааст, афзуд ӯ.
"Бале, мо ҳоло каме эҳсос мекунем, аммо на он қадар зиёд. Гап сари он аст, ки ҳангоми додани музди меҳнат ба муҳоҷирон доллар ба назар гирифта мешавад", - гуфт ӯ.
Муовини нахуствазир тавзеҳ дод, вақте доллар то ба 120-130 рубл боло рафт, ҳангоми ҳисоб кардан маълум шуд, ки даромадашон 30-40% камтар шудааст.
"Бинобар ин он замон қисме аз муҳоҷирон рафтанд. Аммо ҳоло чун қурби доллар муътадил шуд, усулан вазъ каму беш ором аст, ҳамаашон кор мекунанд", - гуфт Ҳуснуллин.
Қаблан дар Приморе тамоюли хуруҷи муҳоҷирони корӣ мушоҳида шуда буд. Роҳбарони як ширкат гузориш доданд, ки тақрибан 5%-и бинокорон аз кишварҳои ИДМ онро тарк кардаанд.
Чунин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки махсусан дар сохтмон музди меҳнат муқаррарӣ нест, музддиҳӣ бо усули кор вобаста аст.
Дар ҳамин ҳол Вячеслав Поставнин, раиси Маркази пажуҳишҳои таҳлилӣ ва амалии равандҳои муҳоҷират бар ин назар аст, ки шаҳрвандони Русия ба ҷойҳои холӣ, ки маъмулан муҳоҷирони корӣ фаъолият мекунанд, муроҷиат намекунанд.
Ба ақидаи ӯ, ин гуна кор чун қоида, сахт, серталаб мебошад. Ҳамчунин теъдоде аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели таҳримҳои Ғарб мақомоти Русия талош доранд, ба соҳибкорони маҳаллӣ кумак кунанд. Ба эътиқоди коршиносон, дар ин замина шояд ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.