ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Давоми ду моҳи соли 2022 Тоҷикистон содироти нассоҷиро афзоиш додааст.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар хабар доданд.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳаҷми содироти нассоҷӣ ва маснуоти аз ин мавод омодашуда беш аз 20% афзоиш ёфтааст. Тоҷикистон аз ин гуна молҳо ҳудуди 70 миллион доллар даромад гирифт.
Дар баробари ин пахта дар хориҷа аз ҳамаи маҳсулот дида, серхаридортар шуд. Ҷумҳурӣ ҳудуди 75 дарсади маблағи зикршударо (ҳудуди 52 миллион доллар) аз ин бахш дарёфт кардааст.
Чунин маълумот шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти маводи нассоҷиро 20% зиёд шудааст.
Ҳамчунин харидорӣ аз хориҷи кишвар давом дорад. Ҳаҷми воридот дар моҳҳои январ ва феврал ҳудуди 18 миллион долларро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, кишвар маҳсулоти тайёри бофандагии дорои арзиши баланди иловагиро мехарад. Вазорати саноат қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар сегменти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ беш аз 40% афзоиш ёфтааст.
Дар кишвар аз ҳисоби истеҳсоли матоъ (30 фоиз), қолин ва маҳсулоти қолинӣ (2,1 баробар) натиҷаҳои мусбат ба даст омадааст.
Тибқи пешгӯии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, кишвар тасмим гирифтааст, ки содироти нассоҷиро то 20 дарсад афзоиш дода, аз фурӯши он беш аз 90 миллион доллар дарёфт кунад.
Пештар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ нишондиҳандаи кишти пахта дар соли 2022-ро пешгӯӣ карда буд.
То аввали моҳи апрел аллакай дар майдони 17,2 ҳазор гектар пунбадона кишт шудааст.