"Парвози чартерӣ"-и ниҳоят хатарноки ҳавопаймоҳои “Ми-8”-и украинӣ ба Мариупол, ҳамзамон чаҳор чархболи сарнагуншуда ва афсарони баъзе аз кишварҳои НАТО, ҳатто давлатҳои алоҳидаи "бетараф"-и Аврупо дар набардҳо бо қӯшунҳои рус дар Донбасс нақши фаъол доштанд.
Воҳидҳои Русия рӯзи 5 апрел дар баҳр, дар наздикии Мариупол ду чархболи низомии нақлиётии “Ми-8”-и Украинаро, ки ҳадафи эҳтимолии онҳо эвакуатсияи фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина буд, задаанд. Гвардия ва машваратчиёни ҳарбии хориҷӣ дар шаҳр муҳосира шудаанд.
Қаблан, рӯзи 31 март ду чархбол дар канори Мариупол, ки ҳар кадоми онҳо 17 нафарро берун мебурданд, сарнагун карда шуданд. Чанд нафар зинда монд.
Бино ба иттилои манобеъ, дар маҳалли суқути яке аз мошинҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҷасади ду афсари иктишофии DGSE (Мудирияти кулли амнияти хориҷӣ)-и Вазорати нерӯҳои мусаллаҳи Фаронса пайдо шудааст. Париж даст доштани худро дар низоъ рад мекунад, аммо ҳуҷҷатҳои шахсии мақтулон худ далеланд.
Рӯзи 31 март дар амалиёт чаҳор чархболи низомии нақлиётии “Ми-8” аз Днепропетровск ширкат карданд, яъне ду чархбол бо мусофирон ба пойгоҳи Днепропетровск баргаштанд. Тӯли масир беш аз 230 км бо таваҷҷуҳи ба хатти мустақими парвоз аст, вале агар ин парвоз аз болои баҳри Азов зигзаг сурат гирад, масофа хеле бештар мешавад.
Дар тӯли 42 рӯзи амалиёти вижаи нерӯҳои Русия аз 112 чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Украина 93-тои онҳоро сарнагун ва нобуд карданд.
Ҳеҷ чиз боқӣ намондааст. Кӯшишҳои доимии ташкили купрӯки ҳавоӣ дар шароите, ки ҳатто 50 фоизи имконияти муваффақиятро ваъда намедиҳанд, эҳтимол аҳамияти хос дошта бошад.
Тазеҳи аслӣ дар ростои болчархишии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар самти Мариупол хориҷ кардани фармондеҳии гурӯҳи мусаллаҳи фашистии "Азов" (мануъ дар Федератсияи Русия) ва захмиён аз муҳосира мебошад. Аммо барои эвакуатсияи "боло" як “Ми-8” дорои зарфияти ҳамли то 24 мусофир кофӣ хоҳад буд.
Наҷоти шумори қобили мулоҳизаи захмиён аз тариқи ҳавоӣ ба гумон аст. Дар яке аз чархболҳои “Ми-8”, ки дар наздикии Мариупол сарнагун шуд, сарпӯши оташфишонӣ(дар паси мусалсал)-ро лейтенанти калони зиндамонда Бабак, аз воҳиди Сарраёсати иктишофии қувваҳои мусаллаҳи Украина таъмин карда буд.
Ба ин ҳама фаронсавиҳо гунаҳкоранд?
Иттилооти нашршуда дар дирӯз бозгӯи он аст, ки афсарони НАТО аз Фаронса, Олмон, Бритониё ва Шветсияи "бетараф" дар “Азовстал”дармондаанд. "Шарикҳо" шоми 5 апрел бо дархости кӯмак ба онҳо дар берун рафтан аз Мариупол бо нерӯҳои Русия дар тамос шуданд.
Дар ҳамин ҳол тафсири тозаи нокомиҳои қувваҳои мусаллаҳи Украина дар бахши украинии интернет пайдо шуд: "Мариуполро фаронсавӣ таслим кард", ки қоидаҳои амнияти алоқаи радиоиро сарфи назар кардааст. Гуфта мешавад, ки чаро "киборг"-ҳои украинӣ ин қадар зуд аз муҳити фоиданоки шаҳрӣ ба минтақаи хатарноки саноатӣ партофта шуданд.
Баталони "Азов" ба фаронсавиҳо вобаста карда шуд ва ин натиҷаи он аст. Оташ бедуд нест, яъне наход Фаронса манбаи асосии проблема бошад?
Пеш аз тақвияти системаи дифои ҳавоии ҳарбӣ чанд ҳавопаймои “Ми-8”-и украинӣ тавонистанд дар баландиҳои камтар аз замин ба Мариупол равуо дошта бошанд. Имрӯз осмон бастааст ва Ҳукумати Фаронса бо хашм мунтазири ризоияти мақомоти Русия барои роҳандозии "амалиёти башардӯстона" дар Мариупол аст.
Русия борҳо ба воҳидҳои муҳосирашудаи украинӣ пешниҳод кардааст, ки ихтиёран силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва шаҳрро тарк кунанд, дар ин сурат зиндагии кафолат дода мешавад. Шояд ин пешниҳодҳо нодида гирифта шуданд, то ҳузури кормандони низомии хориҷӣ ифшо нашавад. "Шарикҳо" ба гумон аст, ки сирри ҳузур ва нақши дақиқи худро нигош дошта тавонанд.
Мағлубият ва ифтизоҳи "мутахассисон"-и НАТО дар робита ба омодагии тӯлонии нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба ҷанг бо Русия як чизи табиӣ аст. Ва хонаҳои харобшудаи Мариупол бахше аз нақшаи Амрикост.
Нашрияи “The Gray Zone”-и ИМА ба ёд меорад:
"Баъд аз табаддулоти давлати таҳти раҳбарии ИМА дар солҳои 2013-2014 дар Украина нерӯҳои амрикоӣ украиниҳо, аз ҷумла воҳидҳои неонасистиро ҷанг дар шаҳрҳоро омӯзониданд".
Ҳамаи мамлакатҳои НАТО дар ин бобат ба Пентагон ёрӣ расонданд.
Шарикон Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва ГМУ-ро таълим доданд, ки барои амалиёти номутақорун бо Русия, “тӯл додан”-и низоъ ва холҳои бештар ба даст овардан дар талиғоти зиддирусӣ "бо аҳолии маҳаллӣ омехта шаванд".
Бо таҳкими қувваҳои мусаллаҳи Украина ва таҳрики Русия амрикоиҳо ва муттаҳидони онҳо режими Киевро водор карданд, ки дар моҳи марти соли 2022 мардуми осоиштаи Украинаро беҳаёёна истифода намояд.
ННУ - қурбонии "хос"
Маълум аст, ки Украина аз миёнаҳои солҳои 90-ум шарики низомии ИМА буд. Илова ба амалҳои нерӯҳои низомии Украина (ННУ) дар машқҳои НАТО сарбозони украинӣ дар ҷангҳои таҳти роҳбарии Иёлоти Муттаҳида ширкат карданд: дар ишғоли Афғонистон пас аз 11 сентябри соли 2001, дар ҳайати Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятии НАТО онҳо беш аз 5000 нафар буданд. Нерӯҳои аз қувваҳои мусаллаҳи Украина дар амалиёти “Озодии Ироқ” ширкат карданд.
Аз соли 2015 фармондеҳии аврупоии артиши ИМА Гурӯҳи муштараки бисёрмиллии фаврӣ (JMTF-U)-ро ҳидоят мекунад, ки дар ин зимн Пентагон ва Гвардияи миллии ИМА ННУ-ро таълим медоданд. Дар алоҳидагӣ нерӯҳои амалиёти вижаи ИМА ба нерӯҳои вижаи Украина омӯзиш ва машварат медоданд.
Афсарони ИМА ва Канада аз ҳузури "шогирдон"-и отряди миллатпарасти "Азов" хиҷолат накашиданд. "Сироят"-и қувваҳои мусаллаҳи Украина тавассути "фашистҳои муфид"-и амрикоиҳо (барои устуворӣ) ташвиқ шуд.
Нерӯҳои баҳрии Амрико дар соли 2015 ишора карда буданд, ки нерӯҳои амрикоӣ ба ҷанг дар Украина хоҳанд рафт. Пентагон воҳидҳои дифои ҳудудиро мутобиқи консепсияи амалиётии “Муқовимат дар соли 2018” таълим дод.
CIA дар канор наистод. Он як барномаи махфии ҳаштсолаи омӯзиширо аз рӯи ихтисосҳои худ, куштор, ҷангҳои ниёбатӣ, амалиёти равонӣ, тактикаеро, ки Конвенсияи Женева манъ кардааст, шуруъ кард.
Амрикоиҳо кӯшиш карданд, ки воҳидҳои мусаллаҳи Украинаро "толибон" кунанд, усули кор бо тактирандоз ва идораи системаҳои зиддитанкии “Javelin”-ро ба онҳо омӯзониданд.
Як мақоми баландпояи CIA рӯирост изҳор дошт, ки ин барнома ба ҷангҷӯёни украинӣ “куштори русҳо”-ро таълим додааст. "Шарикҳо" ва имрӯз чашму гӯш, майнаи навбандериҳои нотамом ҳастанд.
Дар тӯли беш аз чоряк аср ИМА ва НАТО нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ба ҷанг бо Русия омода мекунанд. Мо мебинем, ки аз он чӣ мебарояд — ҷаҳон дар арафаи охируззамони ҳастаӣ қарор дорад. Марк Миллӣ, раиси Ситоди Амрико имрӯз гуфт:
“Мо бо ду қудрати ҷаҳонӣ - Чин ва Русия рӯ ба рӯ ҳастем, ки ҳар яке дорои қудрати бузурги низомӣ ҳастанд. Ва ҳардуи ин қувваҳо ният доранд, тартиботи ҳозираи ҷаҳониро ба куллӣ тағйир диҳанд. Мо ба ҷаҳоне ворид шуда истодаем, ки торафт ноустувор мешавад ва эҳтимоли cap задани ҷанҷоли калони байналхалқии байни давлатҳои бузург меафзояд".
Албатта, нерӯҳои Русия таҳхонаҳои шашошёнаи “Азовстал”-ро тоза мекунанд, ин коргоҳ як маҳалли зеризаминии шаҳрӣ бо як паноҳгоҳе аз бомби ҳастаӣ тарроҳӣ шудааст.
Мариупол калиди аз байн бурдани ҳавзаи Донбасс аст, ки дар он то 60 000 низомии украинӣ ҳузур доранд. Фармондеҳӣ ҳамоно онҳоеро, ки дар иҳота мондаанд, ба "озодӣ" умедвор мекунанд, яъне мефиребанд, аммо баталонҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина аллакай таслим шуда истодаанд.
Нерӯҳои мусаллаҳи Русия вазифаҳои ба миён гузошташударо иҷро мекунанд. Украинаи бепарво, харобшуда, хашмгин ва кураторони онро дар солу даҳсолаҳои наздик ҳанӯз кори душворе интизор аст. Таъмини аслиҳаи амрикоӣ ба режими Киев бо ҳадафи тахрибкорӣ дар ақибгоҳи нерӯҳои Русия аст, "толибонизатсия"-и нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад.
Пентагон аз руи макру найранг дар Руминия, Лаҳистон ва Соҳили Балтика пойгоҳҳои нав барпо карданист. ИМА ният дорад, Аврупоро абадӣ ишғол кунад ва танҳо онро дар ин кор Русия "халал" мерасонад.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.