ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тибқи омори ахир, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми фурӯши пахта аз назари вазн 21,5 дарсад коҳиш, аммо аз назари нарх 24 дарсад афзоиш доштааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”
Ба асоси оморои хадамоти гумрукии Тоҷикистон, дар муддати зикршуда ин кишвар ҳудуди 21 ҳазор тонна пахта ба маблағи беш аз 52,5 миллион доллар ба кишварҳои аврупоӣ ва осиёӣ содир кардааст.
Бинобар оморои Вазорати саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон, дар ин кишвар ҳудуди 30 воҳиди бофандагӣ фаъолият мекунад, ки маҷмуи зарфияти фароварии онҳо то 100 ҳазор тонна пахта дар сол аст.
Ёдрас менамоем, тибқи омори ахир, ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.
Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст.
Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро шомил мешавад.