ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Тоҷикистон содироти маҳсулот ба Русияро афзоиш медиҳад. Дар ин бора маркази матбуотии намояндагии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дод.
Мавзуи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳоро сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Палатаи савдо ва саноати Сергей Катирин баррасӣ кардаанд.
Манбаъ қайд кард, ки ҳамзамон иштирокчиёни вохӯрӣ ба афзоиши содироти мол аз ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Гузаронидани форумҳои тиҷоратӣ ва намоишҳои саноатӣ тадбири самарабахш хоҳад шуд. Ҳамин тариқ соҳибкорони тоҷику рус имкони густариши тиҷорат ва табодули таҷрибаро баррасӣ хоҳанд кард.
Гулмаҳмадзода ва Катирин омодагии худро барои фаъол кардани робитаҳои тиҷории ду кишвар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.
Дар соли 2021 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1,3 миллиард доллар гузашт, менависад ТАСС. Ин нишондод дар 10 соли охир рекордӣ мебошад.
Дар баробари ин соҳибкорони ҷумҳурӣ ба Русия маҳсулот фиристоданд, ки арзиши он 72,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Евгений Коренков, раиси намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, содироти коло ба таври рекордӣ - 77 дарсад афзоиш ёфта, мизони он аз ҳаҷми замони қабл аз пандемияи коронавирус бештар аст.
Дар баробари ин дар Русия маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хоми Тоҷикистон бештар маъмул гаштааст. Содироти ин навъи маҳсулот аз Тоҷикистон дар давоми сол 2,3 баробар афзуда, қариб 18 фоизи содиротро ташкил дод.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қайд карда буд, ки дар ду моҳи аввали соли 2022 гардиши мол бо ИДМ қариб 50% афзоиш ёфтааст.