ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Маскав ба заминҳои Украина эҳтиёҷ надорад, низомиёни Русия амалиёти вижаро барои овардани сулҳи пойдори воқеӣ дар Донбасс анҷом медиҳанд.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ хабар дод.
"Азбаски мо ба назди шумо на ба хотири заминҳои Украина омадем, мо омадем, то сулҳи деринтизорро ба Донбасс биёрем. На созиш, балки сулҳи воқеии пойдор", - гуфт Небензя.
Зимни суханронӣ ӯ ба раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский муроҷиат карда, аз ӯ хоҳиш намуд, ки дар бораи ҳодисаҳо андешад ва изҳори умедворӣ кард, ки роҳи раҳоӣ аз ин вазъ пайдо мешавад.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунии Украина" анҷом шуда, ҳама масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Музокироти Русия ва Украина дар пасманзари амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс рӯзи 28 феврал дар Беларус оғоз шуд. Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд.
Вохӯрии охирини рӯ ба рӯи ҳайатҳо 29 март дар Истанбул баргузор шуд. То ҳол ҷонибҳо натавонистанд ба пешрафте ноил шаванд.