ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Созмони пизишкони бидуни марз гуфтааст, ки танҳо дар як ҳафтаи гузашта 90 кӯдаки ибтило ба бемории сурхакон дар бахши вижаи шифохонаи вилояти Ҳирот бистарӣ шудаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ин ниҳод ҳафтаи гузашта аз гушоиши бахши вижа барои дармони беморони сурхакон дар шифохонаи ин вилоят хабар дода гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир ин бахши вижаро ба 60 бистар афзоиш додааст.
Доктрони бидуни марз таъкид дорад, ки бо гузашти чанд рӯз тамомии бистарҳои ин бахш пур аз беморони сурхакон шуда ва акнун ҷой барои дигар кӯдакони бемор боқӣ намондааст.
Бар асоси маълумоти ин ниҳод, дар як ҳафтаи гузашта вилоёти Ҳилманду Кундуз низ бештарин воқеоти бемории сурхаконро доштаанд.
Ин дарҳоле аст, пеш аз ин Созмони Ҷаҳонии Сиҳҳат ҳушдор дода буд, ки бемории сурхакон дар миёни кӯдакони афғонистонӣ рӯ ба афзоиш аст.
Бар асоси арқоми ин созмон, дар соли ҷории милодӣ ҳадди ақал 43 ҳазор кӯдаки афғонистонӣ ба бемории сурхакони мубтало шуда, ки аз ин ҷумла 214 кӯдак ҷонҳояшонро аз даст додаанд.
Ин созмон афзуда, ки ин беморӣ миёни кӯдакони зери синни 5 сол шуюъ кардааст.
Бар бунёди омори Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон, Кундуз бо як ҳазору 997, Кобул бо ҳазору 696, Ҳилманд бо ҳазору 495 мавриди ибтило ба ин беморӣ бештарин рақами мубталоён ба сурхаконро дар кулли ин кишвар доранд.
Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли барномарезӣ барои бештар кардани ваксина дар моҳҳои оянда ҳастанд.
Масъулони ин вазоратхона мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли барномарезӣ барои бештар кардани ваксина дар моҳҳои оянда ҳастанд.