ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина эҳтимоли мулоқот бо Владимир Путин, роҳбари Русияро зери суол бурд, иттилоъ додааст РИА “Новости”
Манбаъ иттилоъ додааст, вай изҳороти худро дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии Украина, ки дар доираи телемарафони миллӣ пахш мешаванд, баён кардааст.
“Ба фикрам, дар маҷмуъ воқеа дар Буча фоҷиаи бузург аст. Бояд худро ба даст гирифту якҷоя кор кард. Ман дигар роҳе надорам. Эҳтимол дорад, ягон мулоқоте ҳам баргузор нашавад. Шояд он ташкил нашавад”, - гуфт Зеленский дар посух ба суоли рӯзноманигорон.
Ба гуфтаи кишвардори Украина, идомаи музокирот бо Русия пас аз ҳодисаи Буча барои Украина мушкил хоҳад буд, аммо дидор бояд анҷом дода шавад.
"Гуфтан осон хоҳад буд:" Биёед, дар бораи ҳеҷ чиз суҳбат накунем. Ин осонтарин мавқеъ аст. Аз ҳама мушкил он аст, ки чи коре буд, онҳо карданд, аз як тараф онҳоро душман мегӯем ва аз тарфи дигар фурсат барои вохӯрӣ меҷӯем, то дар ин дидор роҳи ҳаллро пайдо кунем ва боз минтақаҳои кишвари худро аз даст надиҳем. Шумо бояд барои худ бояд чунин як сатҳро муқаррар намоед. Боқӣ, таваккалаш ба Худо”, - гуфт Зеленский.
Зеленский борҳо ҳам пеш аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина ва ҳам баъд аз он омодагии худро барои музокираи шахсӣ бо Путин изҳор карда буд.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфта буд, ки Владимир Путин мулоқотро бо ҳамтои украиниаш рад накардааст, аммо то музокироти онҳо бояд "санади хаттии мушаххас" омода шавад.