ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 400 миллион долларро ташкил додааст. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% ё 70,3 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки ҷумҳурӣ бо 90 кишвари ҷаҳон тиҷорат дорад, вале воридоти коло аз 80 кишвари ҷаҳон нисбат ба содирот бештар аст.
Илова бар ин аз 55 давлат кишвар танҳо мол ворид мекунад, бидуни ин ки ба ин ҷамоҳир содироте дошта бошад.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод, тавозуни савдо манфӣ буда, 582,7 миллион долларро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол беш аз 862,6 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳаҷми ҳамин давраи соли 2021 55,7 фоиз ё 303,8 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол содироти маҳсулоти Тоҷикистон 46% коҳиш ёфта, 279,9 миллион долларро ташкил додааст.
Дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 7 кишвари ҷаҳон содироти коло бо фарқияти ночиз нисбат ба воридот бартарӣ дорад. Дар миёни ин кишварҳо Туркия, Белгия ҳастанд, ки ба ин кишварҳо умдатан филизоти қиматбаҳо, алюминий ва нахи пахта содир мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ахиран ҷумҳурӣ додугирифти тиҷорат бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро афзоиш додааст. Дар ду моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 47,1 фоиз афзуд.
Ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар ин давра 602,2 миллион долларро ташкил дод, ки 52,7 дарсади гардиши молии кишварро ташкил медиҳад.