ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар як бозии санҷишӣ аз тими миллии Қирғизистон шикаст хӯрд.
Ин бозӣ дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар Бишкек баргузор шуд, бо ҳисоби 5:6 хотима ёфт.
Дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистонро футболбоз Файзалӣ Сардоров хуб пеш бурд ва ин буд, ки се гол ба самар расонд. Ду голи дигарро Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров ба ҳадаф расониданд.
Шаш голи яккачини Қирғизистонро Абдураҳим Дониёр уулу (2), Шоҳрух Маҳмадаминов, Саламат Мамбеталиев, Айдар Абдижалил уулу ва Кайрат Кубаничов ба самар расонданд.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Қирғизистон мегузарад.
Рақобатҳо аз 10 то 12-уми апрел, бо ширкати ҳашт тими мунтахаб барпо мешаванд.
Тоҷикистон дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Афғонистон, Непал ва Ӯзбекистон рақобат мекунад. Дар гурӯҳи "А" мунтахабҳои Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив вориди рақобат мешаванд
Қобили зикр аст, ду дастаи пирӯз аз гурӯҳ ба финали Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз ин қабил аст:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов ("Истиқлол"), Муродулло Алиқулов ("Амонатбонк");
Бозигарони майдон: Парвиз Раҳматов ("Кинггершайм", Фаронса), Рустам Ҳамидов ("Оқжетпес", Қазоқистон), Файзалӣ Сардоров, Муҳаммаҷон Шарифов, Некрӯз Алимаҳмадов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров (ҳама – "Соро компания"), Иқбол Воситзода, Умед Қӯзиев, Шавкат Саломов, Дилшод Ҳалимов (ҳама - Сипар), Самандар Ризомов ("Истиқлол").