ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Вазири тандурустии Қазоқистон Азҳар Гиният маълумоти оморӣ дар бораи одатҳои бади қазоқистониёнро муаррифӣ кард.
Сатҳи истеъмоли машрубот барои мардон 25 литр дар як сол, барои занон тақрибан 9 литр будааст, гуфтааст ӯ дар такя ба маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ.
"Мутаассифона, аз рӯи ин нишондод, Қазоқистон ба кишварҳои дорои сатҳи баланди истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ дохил мешавад. Тибқи радабандии ТУТ, Қазоқистон дар ҷаҳон ҷои 10-умро ишғол мекунад", - гуфтааст вазири тандурустии ин кишвар.
Ба таъкиди ӯ, аксари вақт мизони маргумири аҳолӣ аз сабабҳои беруна, аз қабили садамаҳои нақлиётӣ, захмӣ, фавт дар натиҷаи хушунат, заҳролудшавӣ, ғарқшавӣ ва ғайраҳо натиҷаи истеъмоли машруботи спиртӣ мебошад.
Номбурда гуфтааст, ки тамокукашӣ дар байни аҳолии калонсоли Қазоқистон, тибқи таҳқиқоти ТУТ барои соли 2019, дар байни одамони аз 15-сола боло 21,5% -ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол дар Қазоқистон беш аз 38% мардон, 6,4% занон сигор мекашанд.
Синну соли миёнае, ки қазоқҳо ба тамокукашӣ шуруъ мекунанд, аз 17 то 18 сол аст.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти рафтори мактаббачагон, дар синни 15-солагӣ 10 фоизи писарон ва 6 фоизи духтарон сигор мекашанд.
Сигорҳои электронӣ боз ҳам бештар дар байни наврасон маъмуланд. Ҳамин тариқ дар синни 15-солагӣ истеъмолкунандагони ин навъи сигор миёни писарон 14% ва духтарон 6% -ро ташкил медиҳад.