Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Номгузорӣ шудани мактаб ба номи сарбозе, ки дар марз бо Қирғизистон кушта шуд

Мактаберо, ки дар он ҷо сарбози кушташуда таҳсил мекард, ба номаш гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Сунатулло Маҳмадови 21-сола дар муноқишаи ахири марзӣ кушта шуд ва ҳамакнун дар зодбуми ӯ мактаберо ба номаш номгузорӣ карданд, хабар медиҳад "Pressa.tj".
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадов зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буда, дар мактабе, ки ахиран ба номаш гузошта шуд, таҳсил намудааст.
Манбаъ меафзояд, марҳум ду сол қабл ба хидмат дар артиш ҷалб шуд ва моҳи ҷорӣ бояд муҳлати хидматаш ба поён мерасид.
Таниши ахир дар марз субҳи рӯзи 10-уми март сар зад, ки дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ марзбони тоҷик Сунатулло Маҳмадов кушта шуд.
Ҳамчунин шаби 11 март низ аз тарафи марзбонони қирғиз ҷониби хонаҳои тоҷикон оташ кушода шуд, ки мақомот онро тасдиқ карданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
ВКД Қирғизистон аз шаҳрвандонаш хост, дар марз бо Тоҷикистон иғвоангезӣ накунанд
Аммо баъдан ҷониби Қирғизистон онро тасодуфӣ хонд. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, чанд тире, ки ба дарахтону девори хонаи сокини деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара расидаанд, барои нобуд кардани як саги дайду шиллик шудаанд.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 12 март дар пайи мулоқоти 7-соатии фармондеҳони марзбонии ду кишвар санаде имзо шуд, ки бар асоси он, истифодаи силоҳ дар марз ба ҷуз аз ҳолатҳои махсус мамнуъ мебошад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст.