Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кремл ба беғаразии тафтишоти иғвогарӣ дар Буча шубҳа дорад

Сухангӯи Кремл мегӯяд, ба тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи иғвогарӣ дар Буча бовар надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Кремл ба имкони баргузории тафтишоти беғаразонаи байналмилалӣ дар Буча ҳоло шубҳа дорад, гуфт котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков.
"Мо бояд дар бораи он фикр кунем, ки то чӣ андоза тафтишоти воқеии беғаразона имконпазир аст. Бетараф ва беғаразона", - таъкид намуд Песков.
Қаблан мақомоти Украина ва расонаҳои хабарӣ видеоеро нашр карданд, ки гӯё дар Буча сабт шудааст ва дар он дида мешавад, ки ҷасадҳо дар роҳ хобидаанд. Корбарони шабакаҳо пай бурданд, ки "ҷасад"-ҳо дастонашонро ҷунбонда, ба канор мераванд, то зери чархи техникаи низомӣ наафтанд. Инчунин дар оинаи мошини оператор дидан мумкин аст, ки баробари гузаштани мошин яке аз "мурдагон" чӣ гуна савори мошин мешавад.
Медведев иғво дар Буча таблиғоти дуруғи Украина аст
Вазорати дифои Русия ин видео аксҳоро иғво номида, таъкид кард, дар тӯли тамоми замоне ки Буча таҳти назорати русҳо буд, ҳеҷ як сокини маҳаллӣ аз амалҳои хушунатомез осеб надидааст.
Илова бар ин департамент таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки нерӯҳои Русия рӯзи 30 март шаҳрро тарк карданд, рӯзи дигар шаҳрдор Анатолий Федорук дар паёми видеоии худ тасдиқ кард, ки ҳеҷ яке аз низомиёни Русия дар Буча набудаанд.