ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Соҳибкори амрикоӣ, бузургтарин саҳмиядори "Tesla" ва "SpaceX" Илон Маск, тибқи гузориши маҷаллаи "Forbes", сарватмандтарин одами ҷаҳон эътироф шудааст.
Вай тахминан 219 миллиард доллар дороӣ дорад ва дороии ӯ аз дороии муассиси "Amazon" Ҷефф Безос, ки дар ҷои дувум қарор дорад, 48 миллиард доллар зиёд аст.
Безос 4 сол пайи ҳам сарватмандтарин шахси ҷаҳон эътироф шуд, аммо соли 2021 дороии ӯ 6 миллиард доллар коҳиш ёфта, ба 171 миллиард доллар расид.
Дороиҳои асосии Маск 17% корхонаи тавлидкунандаи мошинҳои электрикии "Tesla" ва 44% ширкати кайҳонии "SpaceX" мебошанд.
Аввалин тиҷорати соҳибкор дар соли 1995 ширкати "Zip2" буд, ки ҳамроҳи бародараш онро боз кардааст. Идора ба истеҳсоли нармафзор барои ВАО машғул буд, ки имкон медод, хабарро дар интернет ҷойгир кард ва ба муштариён хидматҳои пулакӣ пешниҳод шавад.
Пас аз чанде, соли 1999 стартапро ширкати "Compaq" ба маблағи 304 миллион доллар харид. Худи Маск барои 7%-и ҳиссаи фурӯхташудаи "Zip2" 22 миллион доллар гирифт.
Дар охири ҳамон сол соҳибкор ҳамзамон "X.com"-ро таъсис кард, ки бо номи "PayPal" маъруф шуд. Соли 2002 "eBay" ин ширкатро ба маблағи рекордии 1,5 миллиард доллар харидорӣ кард. Барои 11,7%-и саҳмияҳо Маск 165 миллион доллар ба даст овард.
Бо даромади худ дар ҳамон соли 2002, ӯ "SpaceX"-ро ташкил мекунад ва як сол баъд "Tesla Motors", ки муваффақияташ зуд ҷаҳонгир шуд, созмон ёфт.
Ҳамин тавр дар соли 2008 NASA бо ширкати кайҳонии Маск ба маблағи 1,6 миллиард доллар шартнома баст ва "Telsa" аввалин модели мошини тиҷории "Tesla Roadster"-ро баровард. Моҳи октябри соли 2021 сармояи "Tesla" бори аввал аз 1 триллион доллар гузашт.